Ноябр 27, 2020 23:10 Asia/Dushanbe
  • донишманди ҳастаии Эрон террор шуд
    донишманди ҳастаии Эрон террор шуд

Ба гузориши бархе манобеи хабарӣ, Муҳсини Фахризода, яке аз донишмандони ҳавзаи ҳастаии Эрон асри имрӯз (ҷумъа) дар атрофи Теҳрон террор шуд, ки муттаассифона ба шаҳодат расидааст.

Ба гузориши ИСНА, Муҳсини Фахризода, яке аз донишмандони ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон асри имрӯз, ҷумъа аз сӯи афроди ношинос ва дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона бо тими муҳофизи вай, террор шудааст.

Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо таъйиди ин хабар, бар посухи ин иқдоми душманони Эрони исломӣ дар зудтарин фурсат таъкид кард.

Вай дар паёме твиттерӣ навишт:

“Онон хуб медонанд, ки мо посухи ин террорҳоро куҷо додаем. Мо эълом намекунем, аммо онҳо хуб медонанд.”

 

Барчасп