Ҳизбуллоҳи Лубнон: Эрон медонад чӣ гуна посухи террористҳоро бидиҳад
(last modified Sat, 28 Nov 2020 12:13:41 GMT )
Ноябр 28, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Дар посух ба террори Муҳсин Фахризода, Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки он дар канори миллат ва давлати Эрон аст
    Дар посух ба террори Муҳсин Фахризода, Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки он дар канори миллат ва давлати Эрон аст

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба террори донишманди ҳастаии Эрон эълом кард: Мутмаинан Эрон дасти террористҳоро қатъ хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи шанбе дар баёнияе террори Раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии  Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳид Муҳсин Фахризодаро ба шиддат маҳкум кард.

Ҳизбуллоҳ эълом кард: "Мо дар муқобила бо таҳдидот ва тавтеаҳои хориҷӣ дар канори Эрон ва миллати он истодаем."

Ҳизбуллоҳ дар баёнияи худ ҳамчунин таъкид кард: "Эрон қодир ба шиносоии муҷримон ва қатъ кардани дасти касоне аст, ки ба донишмандон ва масъулони эронӣ дастдарозӣ мекунанд, ҳол ин муҷримон ҳар кӣ мехоҳанд бошанд".

Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: "Мо дар муқобила бо иттиҳоди ҷадиди режими саҳюнистӣ ва теъдоде аз режимҳои арабии минтақа дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем." 

Раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳид Муҳсин Фахризода асри дирӯз (ҷумъа) дар як ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.