Ноябр 29, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Шармовар  аст бархе худро пушти даъват ба \
    Шармовар  аст бархе худро пушти даъват ба \" хештандорӣ\" пинҳон ме‌кунанд

Вазири умури хориҷа Эрон гуфт, шармовар аст, ки бархе аз истодан дар баробари терроризм худдорӣ мекунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи шанбе дар Твиттер навишт: “шармовар аст, бархе аз истодан дар баробари терроризм худдорӣ ва худро пушти даъват ба"хештандорӣ" пинҳон ме‌кунанд”.

Вай таъкид кард, ки бидуни шак ҳамлаи террористӣ ба донишманди ҳастаии Эронро як режими террорист, тарроҳӣ ва барномарезӣ ва ба дасти ҳамдастони ҷинояткораш иҷро кардааст.

Ёдовар мешавад, ки дабири кулли СММ дар вокуниш ба террори ноҷавонмардонаи шаҳид Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон, аз маҳкӯмияти ин иқдоми ҷинояткорона худдорӣ ва фақат Эронро ба хештандорӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши танишҳо даъват кард.

Террористони мусалаҳ рӯзи ҷумъа Фахри‌зода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифои Эронро дар амалиёти интиҳорӣ ва мусаллаҳона ба шаҳодат расонданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп