Ноябр 30, 2020 16:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳид Муҳсини Фахризода бо як тирбори контрол аз роҳи дур террор шудааст
    Шаҳид Муҳсини Фахризода бо як тирбори контрол аз роҳи дур террор шудааст

Террори донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон Муҳсини Фахризода ба василаи як тирбори контрол аз роҳи дур, ки дар як мошини Nissan насб шуда буд, анҷом гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории байналмилалӣ Эрон Пресс, бар асоси иттилооти ҷадиди эъломшуда ин тирбор, ки бо истифода аз кити вижаи контрол аз роҳи дури сохти Исроил таҷҳиз шуда буд ба маҳзи қуфл шудан рӯи тасвири шаҳиди Фахризода тир холӣ кардаст.
 
Иттилооти ба дастомада ҳамчунин мушаххас кардааст, ки интихоби мошини Найсон бо ду ҳадафи садама задан ба гурӯҳи ҳамроҳи шаҳиди Фахризода ва нобуд кардани имконоти контрол аз роҳи дур сурат гирифта буд то шавоҳиди мавҷуд комилан аз байн биравад.
 
Хабарнигори хабаргузории Эрон пресс ҳам ба асноди муътабаре аз ҷузъиёти террори донишманди ҳастаии Эрон даст ёфтааст, ки нақши сервиси иттилоотии режими Исроил ва гурӯҳаки террористии мунофиқин дар ин террорро таъйид мекунад.
 
Пеш аз ин низ хабаргузорӣ Эрон пресс бар асоси иттилооте, ки ба онҳо даст ёфтааст эълом карда буд боқимондаҳои ба ҷоймонда аз силоҳи истифодашуда дар террори шаҳид « Муҳсини Фахризода » раиси созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон нишон медиҳад ин силоҳ сохти Исроил будааст.
 
 Раиси созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳсини Фахризода асри ҷумъаи гузашта дар як ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обсарди Дамованди остони Теҳрон ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед:

Барчасп