Ҷон бохтани 382 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 382 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 881 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 237 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 382 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 48 ҳазору 628 нафар расидааст”.
Ба гуфтаи хонуми Лорӣ, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 975 ҳазору 951 нафар расидааст, ки то кунун 677 ҳазору 963 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 64 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 475 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 44 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед: