Руҳонӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобила бо режими саҳюнистӣ даъват кард
(last modified Wed, 02 Dec 2020 04:59:54 GMT )
Декабр 02, 2020 09:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи 29 ноябр, рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, Рӯҳонӣ ҷаҳонро ба муқобила  бо иқдомоти режими саҳюнистӣ даъват кард
    Рӯзи 29 ноябр, рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, Рӯҳонӣ ҷаҳонро ба муқобила бо иқдомоти режими саҳюнистӣ даъват кард

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар паёме ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ҷомеаи ҷаҳониро ба муқобила бо иқдомоти режими саҳюнистӣ даъват кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар паёме ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати 29 ноябр рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин навишт: « Рӯзи 29 ноябр, ёдовари беш аз ҳафт даҳаи ишғоли сарзамини Фаластин ба дасти режими ғосиби саҳюнистӣ ва дарду ранҷи нотамоми мардуми Фаластин ва идомаи зулму беадолатӣ дар ҳаққи миллати мазлуми Фаластин аст.»

Руҳонӣ  идомаи оворагии ҳудӯди панҷ миллион фаластинӣ, густариши ишғолгарӣ аз тариқи шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Байт-ул-муқаддаси шарқӣ, поксозии нажодии фаластиниён ва муҳосираи золимонаи навори Ғаззаро аз ҷумлаи паёмадҳои ғамбори ишғоли Фаластин донист ва афзуд  « Иқдомоти режими саҳюнистӣ бо ҳадафи яҳудисозӣ ва вайрон кардани мазоҳири торихӣ ва исломии Байтулмуқаддас , тасаллут бар кулли сарзаминҳои фаластинӣ ва мамониат аз ҳаққи бозгашти фаластиниён буда ва бори дигар ниятҳои нажодпарастонаи ин режим дар ишғоли бештари сарзамини фаластиниён ва бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳуқуқи мусаллами ононро ошкор месозад.»

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми худ таъкид кард Ҷумҳурии исломӣ зимни маҳкум намудани иқдомоти режими саҳюнистӣ, роҳи ҳалли масъалаи Фаластинро на дар масири оддисозии равобит бо ин режими номашрӯъ, балки аз тариқи ваҳдати кишварҳои исломӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иқдомоти қотеъ барои муқобила бо сиёсатҳои таҷовузкоронаи зидди ҳуқуқи башарии ӣн режим медонад.
 
29 ноябр ҳар сол ёдоварӣ воқеаи талхи  содир шудани қатъномаи тақсими сарзамини Фаластин дар соли 1947 аст ва ба ҳамин муносибат рӯзи эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин номгузорӣ шудааст.
 
 
Бештар бихонед: