Декабр 02, 2020 12:53 Asia/Dushanbe
  • Дастгоҳе, ки дар ду дақиқа вируси коронаро аз маводи хӯрокӣ ва васоил мезудояд дар Эрон сохта шуд
    Дастгоҳе, ки дар ду дақиқа вируси коронаро аз маводи хӯрокӣ ва васоил мезудояд дар Эрон сохта шуд

Як ширкати донишбунёни эронӣ тавонист дастгоҳи дезинфексиякунандаи uvc-ро тарроҳӣ ва тавлид кунад, ки дар муддати ду дақиқа анвои васоил ва хӯрокиҳоро аз вируси корона пок мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейни Толиб аз бунёнгузорони ин ширкати донишбунёни эронӣ дар мусоҳиба бо ИРНА гуфт: «Ин дастгоҳ барои дезинфексия кардани ҳамаи васоил бо ҳар ҷинсе аз аз ҷумла металл, чӯб, коғаз, шиша, пластмасса, матоъ ва ҳатто электроника ва чизҳое мисли газакҳо, пулҳо, телефонҳои мобилӣ  ва ниқобро, ки наметавон бо равишҳои дигар онҳоро аз вируси корона пок кард, дар ду дақиқа зиддиуфунӣ мекунад.»

Толиб бо ишора ба истифодаи шуои ултрабунафш дар ин дастгоҳи зиддиуфуникунанда ( дезинфексия) гуфт: "Химикатҳо олудагии микробҳоро нест мекунанд, аммо худи онҳо олудашавии кимиёвӣ эҷод мекунанд; "Аз ин рӯ, истифодаи нури ултрабунафш, ки сохтори маводро тағир намедиҳад, хеле солимтар аст ва азбаски муҳити зистро олуда намекунад, аз усулҳои дигар комилан бартар аст."

Ин дастгоҳ дар хонаҳо  фурӯшгоҳҳо, муҳитҳои идорӣ ва ҳамаи марокизи дармонӣ қобили истифода аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп