Декабр 04, 2020 17:26 Asia/Dushanbe
  • Эдуғон дар тамоси телефонӣ бо Рӯҳонӣ, шаҳодати донишманди ҳастаии Эронро таслият гуфт
    Эдуғон дар тамоси телефонӣ бо Рӯҳонӣ, шаҳодати донишманди ҳастаии Эронро таслият гуфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои туркияии худ гуфт: Эрону Туркия метавонанд бо машварату ҳамкорӣ, ихтилофоти ҷаҳони Исломро коҳиш диҳанд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия гуфт: “Барои ҷилавгирӣ аз рахнаи душманони Ислом, тармими шикофе ки дар дунёи Ислом вуҷуд дорад, як ниёзи фаврӣ аст”.

Рӯҳонӣ ҳамчунин террори Муҳсин Фахризода, донишманди эрониро ба дасти саҳюнистҳо як ҷинояти бузургу ғайриинсонӣ донисту гуфт: “Комилан мушаххас аст, ки ин террорро чӣ касоне сурат додаанд ва гирифтани интиқоми хуни ин шаҳид дар замони муносиб, ҳаққи давлати Эрон аст”.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ёдоварии буҳрони Қарабоғ байни ду кишвари ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар зарурати ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо дар минтақа таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Туркия низ бо таслият гуфтани шаҳодати доктор Муҳсини Фахризода ба давлату миллати Эрон, ин иқдоми террористиро маҳкум кард ва гуфт: “Бетардид ин ҳамлаи террористӣ, сулҳу оромиш минтақаро ҳадаф қарор додааст”.

Эрдуғон ҳамчунин бо ишора ба шароити ҷадиди байналмилалӣ ва оғози давраи нав дар давлати Амрико ибрози умедворӣ кард, дар ин давра зеҳнияти мубтанӣ бар таҳдиду таҳрим ҷойи худро ба гуфтугӯ ва ҳамкориву таомул бо кишварҳо бидиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп