Декабр 05, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Муҳсин Фахризода рӯзи ҷумъаи гузашта дар як амалиёти террористӣ дар атрофи Теҳрон шаҳид шуд
    Муҳсин Фахризода рӯзи ҷумъаи гузашта дар як амалиёти террористӣ дар атрофи Теҳрон шаҳид шуд

Як расонаи режими саҳюнистӣ бо пахши барномае ба даст доштани сервиси иттилоотии хориҷии режими саҳюнистӣ (Моссад)дар террори шаҳид Муҳсин Фахризода эътироф кард.

Ба ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз Тасним, «Идусулаймон» таҳиякунандаи ин гузориш дар барномаи «Студияи ҷумъа» шабакаи 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ таъкид кард: террори Фахризода баёнгари бозуҳои баланде аст, ки Моссад дар ихтиёр дорад.‎
 

Вай афзуд : замоне, ки барои чунин амалиёте барномарезӣ мекунед бояд тамоми талоши худро ба  кор бигиред то камтарин шарикони матлаъ дар ин замина вуҷуд дошта бошанд.
 
Дар идомаи гузориш талош шуд то мушаххас шавад омодасозӣ барои чунин амалиёте чӣ қадар замон мебарад.

Ба  эътиқоди коршиносони саҳюнисти ин амр ба фарду маҳалли анҷоми амалиёт бастагӣ дорад к,и метавонад як ҳафта барномарезӣ талаб кунад ё барои амалиёти печидатар моҳҳо ва гоҳе солҳо замон бибарад.

Виктор Астровский яке аз масъулини собиқи Моссад ҳам дар ин барнома дар бораи масоили ахлоқӣ чунин иқдомоте ва ин ки оё омилону омирони чунин иқдоме азоби виҷдон ҳам пайдо мекунанд гуфт: тасаввур намекунам мушкили ахлоқии хосе вуҷуд дошта бошад ; зеро омилони ин иқдом ба он чӣ, ки анҷом медиҳанд имон доранд.
 
Вай дар тавҷеҳ ҷинояти террори шаҳид Фахризода афзуд : "Ҳама мегӯянд ӯ ( шаҳид Фахризода) дасташ ба хуни ҳеч кас олуда набуд, аммо эҳтимолан баъдҳо ин корро мекард"! !!

 

Бештар бихонед:

Барчасп