Декабр 08, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Муқобила бо саҳюнизм ва терроризм ҳадафи муштараки Эрону Сурия аст
    Муқобила бо саҳюнизм ва терроризм ҳадафи муштараки Эрону Сурия аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори вазири умури хориҷаи Сурия дар Теҳрон гуфт: Эрон тасмим ва иродаеро, ки барои ҳимоят аз давлат ва миллати Сурия ба унвони муттаҳиди стратегии худ доштааст ҳамчунон идома хоҳад дод.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидори «Файсал Миқдод» бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар канори миллату давлати Сурия хоҳад буд афзуд : муқобила бо ишғолгарони саҳюнист ва тероризм ҳадафи муштараки ду миллати Эрону Сурияи аст.
 


 
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иқдоми Раиси Ҷумҳурии Амрико  «Доналд Трамп»  барои пайвастани бахше аз хоки Сурия ба душмани ишғолгари саҳюнист тасреҳ кард : бояд то озодии сарзаминҳои ишғолӣ аз ҷумла  Ҷавлон бо ишғолгарони саҳюнист муқобилаи кард.

 
Руҳонӣ бо таъкид бар муқовимат ва истодагии миллатҳои минтақа дар баробари тероризми ишғолгарӣ, ба шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳид Фахризода ишора карду гуфт : Ҳадафи душманон аз шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ин буд, ки на танҳо аз муқовимати миллати Эрон, балки аз муқовимати миллатҳои минтақа интиқом бигиранду бо шаҳодати шаҳид Фахризода низ мехоҳанд аз пешрафти илму фанноварӣ интиқом бигиранд.
 

 
Миқдод: "Равобити Теҳрон ва Димишқ аз шарофатмандонатарин равобити сиёсӣ дар ҷаҳон аст
 

 Вазири умури хориҷаи  Сурия низ дар ин дидор равобити Теҳрон ва Димишқро аз арзишмандтарин ва шарофатмандонатарин равобити сиёсӣ дар ҷаҳон донисту гуфт: сойири кишварҳо бояд ёд бигиранд, ки робита ва дӯстии ҳақиқӣ чигуна шакл мегираду чигуна метавон онро бо қувват идома дод.
 
Файсал Миқдод бо таслияти шаҳодати шаҳид Фахризода ва сардор Сулаймонӣ гуфт: касоне, ки чунин ҷиноятҳоеро муртакиб мешаванд, намедонанд, ки рехта шудани хуни ин шаҳидон миллатҳои минтақаро дар расидан ба пирӯзӣ мусаммамтар мекунад.

Вазири хориҷаи ҷадиди Сурия дар нахустин сафари хориҷии худ дируз вориди Теҳрон шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп