Ҳукми эъдоми Руҳуллоҳ Зам таъйид шуд
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: Беш аз як моҳ қабл девони олии кишвар расидагӣ ба ҳукми аввалияи додгоҳ дар бораи Руҳуллоҳ Замро оғоз кард ва ҳукми содира таъйид шуд.
Руҳуллоҳ Зам фарзанди Маҳмадалии Зами рӯҳонии шинохташудаи эронӣ ( раиси асбақи ҳавзаи ҳунарии созмони таблиғоти исломии Эрон ) пас аз ҳаводиси интихоботи соли 1388 Эрон барои муддате дастгир ва сипас аз кишвар хориҷ шуду ба Малайзия ва сипас ба Фаронса рафт.
Вай дар он ҷо сайт ва сипас канали телеграмии Омад нюз ( садои мардум )-ро роҳандозӣ кард, ки дар фаъолият ва ҷанги равонӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз саршохаҳои расонаӣ душманӣ маҳсуб мешуд.
Ҷурми Руҳуллоҳи Зам чӣ бўд?
Руҳуллоҳи Зам беш аз як соли пеш дар хориҷ аз Эрон дастгир ва ба ин кишвар бозгардонда дар додгоҳи аввалия ба иттиҳоми фасоди фил арзи муҳокима ва ба эъдом маҳкум шуд.
Созмони иттилооти сипоҳи посдорон дар амалиёте печида ва бо фиреби иттилоотӣ тавониста буд ин мухолифи саршиноси низоми Ҷумҳурии исломиро боздошт кунад.
Иртикоби ҷурм алайҳи амнияти дохилӣ ва хориҷии Эрон, дурӯғи парокании густарда, ҳамкорӣ дар эҷоди ихлол дар низоми иқтисодии кишвар, ташкил ва идораи канали Омад нюз ва Садои мардум бо ҳадафи барҳам задани амнияти дохилӣ ва хориҷии Эрон, ҷосусӣ ба нафъи сервиси иттилоотии яке аз кишварҳои минтақа ва сервиси иттилоотии кишвари Фаронса, ҳамкорӣ бо давлати Амрико алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавҳин ба муқаддасоти ислом ва касби мол аз тариқи номашрӯъ, аз ҷумла ҷурмҳое аст, ки дар парвандаи Руҳуллоҳи Зам ба онҳо ишора шудааст.
Бештар бихонед: