Имзои сафирони хориҷӣ бар дафтари ёдбуди шаҳид Фахризода
(last modified Tue, 08 Dec 2020 13:29:58 GMT )
Декабр 08, 2020 18:29 Asia/Dushanbe

Ҷамъе аз сафирону мақомоти баландпояи кишварҳои ҷаҳон бо имзои дафтари ёдбуди донишманди шаҳид - Муҳсини Фахризода дар ситоди Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ин ҷинояти террористиро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), сафирон, шахсиятҳо ва вобастагони низомии кишварҳои Ироқ, Либия, Венесуэла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Фаластин, Покистон, Сурия, Туркия, Покистон, Афғонистон, Никарагуа, Африқои Ҷанубӣ, Уммон, Яман, созмони ЭКО, Озарбойҷон, Сербия, Мексика ва Кореяи Шимолӣ зимни имзои дафтари ёдбуди донишманди шаҳид - Муҳсини Фахризода, маротиби таслияти худро ба миллат, нерӯҳои мусаллаҳ ва давлати Эрон изҳор доштанд.

Доктор Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва аз донишмандони барҷастаи санъати ҳастаӣ 27 ноябр дар ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед: