Эътирози Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
(last modified Sun, 24 Jul 2016 13:50:57 GMT )
Июл 24, 2016 18:50 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба дарҷи асноди маҳрамонаи барномаи баландмуддати ҳастаии Эрон ёддошти эътирозие ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ироа мекунанд.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, дар бораи ифшои бахше аз барномаи баландмуддати ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар "Асошейтед пресс" мунташир шудааст, афзуд: "Бахшҳое мунташир шуда, ки қарор буда маҳрамона бимонад ва талаққии Эрон ин аст ки ин иттилоотро аз ожонс дарҷ кардааст".

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон ҳам дар гуфтугӯе хабарӣ гуфт: "Теҳрон аз ожонс хостааст, ки барномаи ҳастаии Эрон маҳрамона бимонад ва далеле надорад ки ҳамагон бихоҳанд аз он мутталеъ шаванд. Албатта тавофуқ шудааст, ки ин барнома ба шакли маҳрамона ба иттилои Камиссиюни муштараки муртабит бо БАРҶОМ ҳам расонида шавад, ки бояд маҳрамона ва маҳфуз бимонад".

Ба гуфтаи Солеҳӣ, он тавр ки "Асошейтед пресс" эълом кардааст, як дипломат бахше аз ин барномаро эълом кардааст ва гуфтааст, ки қобили қабул нест, ки эрониҳо пас аз соли даҳум аз иҷрои БАРҶОМ, якбора авҷ бигиранд.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин дар бораи музокира бо тарафи рус барои фурӯши 40 тон оби сангини Арок ба Русия гуфт, музокира дар ин замина дар ҷараён буда ва ҳанӯз қимати он ниҳоӣ нашудааст.