Рӯҳонӣ: Интиқоми хуни шаҳид Фахризода ҳаққи Эрон аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ интиқоми хуни шаҳид Муҳсини Фахризодаро ҳаққи худ медонад ва дар макону замони муносибе ин корро хоҳад кард.
Ҳасани Руҳонӣ рӯзи душанбе дар нишасте бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, террори шаҳид Муҳсини Фахризода, донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эронро кори касоне донист, ки мехостанд дар рӯзҳои поёнии ҳукумати манҳуси Трамп минтақаро ба ҷанг бикашонанд.
Вай афзуд: Ҳадафи аслии режими саҳюнистӣ аз террори шаҳид Фахризода, эҷод бесуботӣ дар минтақа ва вуқӯи ҷанг дар поёни ҳукумати Трамп буд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ҳаққи интиқоми Эрон дар қиболи террори шаҳид Фахризода гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон иҷоза нахоҳад дод дигарон замону макони мн интиқомгмриро мушаххас кунанд.
Таҳримҳои золимона алайҳи Эрон бояд поён ёбад
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки давлати Эрон иҷоза нахоҳад дод поёни таҳримҳои золимона ба таъхир биафтад, гуфт: Бо рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Амрико шароит тағйир хоҳад кард, зимни ин ки агар раиси давлати феълии Амрико ҳам мемонд, шароит тағйир мекард.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ёдовар шуд, ки давлаташ бо ҳамаи тавон нагузошт БарҶом нобуд бишавад, аммо ҳадафи аслии Доналд Трамп нобудии БарҶом буд.
Рӯҳонӣ гуфт, зинда нигаҳ доштани БарҶом ва ҳамкорӣ барои суботи минтақа, ҳар ду барои ҷумҳурии исломии Эрон бисёр муҳим аст ва иллати муваффақ набудани Трамп зидди Эрон дар ҷомеаи байналмилалӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории Эрон бо дигар кишварҳо ва 4 + 1 буд.
Вай афзуд: Суботи минтақа барои ҷумҳурии исломӣ бисёр муҳим аст ва ба ҳамин далел тарҳи «Сулҳи Ҳурмуз» -ро барои халиҷи Форс ироа кард, ки ин тарҳ соли гузашта дар Маҷмаи умумии Созмони Милал матраҳ ва барои 6 кишвари ҳавзаи халиҷи Форс ва Ироқ ирсол шуд.
Бештар бихонед:
- Рӯҳонӣ: Талоши Амрико барои истифода аз имтиёзоти БарҶом хандадор аст
- Таъкиди мушовири Байден бар бозгашти Амрико ба БарҶом
- Силоҳи ба кор рафта дар террори шаҳид Фахризода сохти куҷо буд?