Декабр 15, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 15 декабр эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 15 декабр эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 223 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 704 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 299 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд».

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: «Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 223 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 52 ҳазору 670 нафар расидааст».

Ба гуфтаи хонум Лорӣ, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 123 ҳазору 474 нафар расидааст, ки то кунун 833 ҳазору 276 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 73 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 630 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 52 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп