Декабр 15, 2020 18:52 Asia/Dushanbe

Танҳо шаҳрванди эронии сокин дар навори Ғаззаи Фаластин дар мусоҳиба бо расонаҳо аз охирин орзӯяш гуфт.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Қосим Шиёси ё Алии Гударз эҳтимолан танҳо эронии сокини навори Ғазза аст.

Вай бар асоси мадорики фаластиниаш 70 сола аст, аммо шиносномаи эрониаш мегуяд ӯ 78 сол дорад.

Қосим Шиёсӣ ҳудуди 50 сол қабл барои пайвастан ба муборизаи мардуми Фаластин зидди Исроил, аз Эрон ба Кувайт меравад ва сипас ба дастури Ёсир Арафот, раҳбари фаластиниҳо муддате дар Яман ба омӯзиши низомӣ мепардозад.

Қосим Шиёси сипас ба Бейрут рафта, муҳофизи Арафот мешавад.

Ин эронии сокини Ғазза, ки то кунун се бор издивоҷ кардааст, се сол қабл тавонист пас аз 17 сол бо фарзандонаш дар рустои Деҳсури устони Исфаҳон тамос бигирад.

Вай дар охирин мусоҳибааш гуфта, дӯст дорад ба Эрон баргардад ва дар зодгоҳаш бимираду дафн шавад.

Навори Ғазза солҳост, ки дар муҳосираи комили заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии режими саҳюнистӣ аст ва исроилиҳо ҷуз мавориди истисноӣ иҷозаи вуруду хуруҷ ба касе намедиҳанд.

 

Бештар бихонед: