Декабр 16, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Нишасти видеоконфересияи Барҷом имрӯз баргузор мешавад
    Нишасти видеоконфересияи Барҷом имрӯз баргузор мешавад

Нишасти комиссияи муштараки Барҷом дар сатҳи муовинин ва мудирони сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи 4+1 ба шакли видеоконференсия баргузор мешавад.

Дар ин нишаст, ки имрӯз ( чаҳоршанбе ) ба раёсати «Ҳелга Шмид»Helga Schmid дабири кулли хадамоти иқдоми хориҷии иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад, «Сайид Аббос Ироқчӣ» муовини сиёсии Вазорати  умури хориҷа, раёсати ҳайати Эрон дар нишасти камиссияи муштараки Барҷомро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Нишасти қаблии комиссияи муштараки Барҷом аввали сентябри гузашта дар Венаи Австрия баргузор шуд ва муовини сиёсии вазири  умури хориҷаи Эрон бо бархе аз раисони ҳайатҳои ширкаткунанда дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Муовини вазири  умури хориҷаи Эрон пас аз нишасти комиссияи муштараки Барҷом дар сентябри гузашта, дар бораи ин нишаст гуфт, мавзӯи мавриди иттифоқи зарурати ҳифзи Барҷом ва анҷоми иқдомоти лозим дар ин росто, аз ҷумла аз тариқи иҷроии комил ва муассири тааҳҳудоти тамомии тарафҳо аст.
 
 

Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаъоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз Барҷом, эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти Барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад.
 
Коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон дар чаҳор гом, шомили боло бурдани дарсади ғанисозии  ораниум аз 3,67 дарсад боло бурдани сатҳи ғанисозии ураниум, афзоиши захираҳои ураниуми ғанӣ, боздоштани ҳама ӯҳдадориҳои таҳқиқоти илмӣ ва барқарорсозии ғанисозӣ ва коркарди уран дар муассисаи ҳастаии Фордо иборат буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп