Деҳаи туристии Дезг; арӯси Бирҷанд дар дили кӯҳи Боқирон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i59953-Деҳаи_туристии_Дезг_арӯси_Бирҷанд_дар_дили_кӯҳи_Боқирон
Деҳаи туристии Дезг дар 5 километрии чануби Бирҷанд, маркази остони Хуросони ҷанубӣ воқеъ дар шарқи Эрон, дар доманаи риштакӯҳҳои Боқирон қарор дорад, ки дар фасли тирамоҳ рангинкамони рангҳост.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 16, 2020 10:28 Asia/Dushanbe

Деҳаи туристии Дезг дар 5 километрии чануби Бирҷанд, маркази остони Хуросони ҷанубӣ воқеъ дар шарқи Эрон, дар доманаи риштакӯҳҳои Боқирон қарор дорад, ки дар фасли тирамоҳ рангинкамони рангҳост.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, вуҷуди анвои дарахтони мухталиф дар деҳаи туристии Дезг ва табиати бикр дар доманаи кӯҳ сабаб шудааст, ки деҳаи Дезг ба арӯси шаҳристони Бирҷанд маъруф шавад; то ҷое, ки гардишгарон бо пиёдаравии масири 3 километрӣ дар доманакӯҳи Боқирон ва гузар аз манотиқи хушобу ҳаво ба ин минтақа мерасанд.

Мардуми меҳмоннавози деҳаи туристии Дезг бештар машғули кишоварзӣ ҳастанд ва дар ин деҳа 24 хонавода зинадгӣ мекунад.

 

Бештар бихонед: