"Булбули чаманҳои Хуҷанд" барои Камоли Хуҷандӣ мехонад
(last modified Thu, 17 Dec 2020 07:12:31 GMT )
Декабр 17, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи “Булбули чаманҳои Хуҷанд” барои гиромидошти Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад
    Намоишгоҳи “Булбули чаманҳои Хуҷанд” барои гиромидошти Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад

Маросими накӯдошти Камолиддини Хуҷандӣ, ориф ва шоири порсигӯӣ бо барпоии намоишгоҳи ҳунарӣ аз осори як хушнавси эронӣ ва як наққоши тоҷикистонӣ баргузор мешавд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, намоишгоҳи осори хушнивисии Мирҳусайни Занӯзӣ ва осори наққошии Муҳаммадкарим Рақибов, ҳунарманди тоҷикистонӣ ба номи «Булбули чаманҳои Хуҷанд» шанбе 29 озар(19 декабр) ба сӯрати бархат(онлайн) баргузор мешавад.

Маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, ки бо ҳадафи гиромидошти Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад, дар сафҳаи Инстаграми Камиссиюни миллии ЮНЕСКО-и Эрон ба нишонии “unesco.iran@” бо суханронии Ҳуҷҷатуллоҳи Айюбӣ, дабири кулли Камиссиюни миллии ЮНЕСКО ва Сарвар Бахтӣ, масъӯли Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Эрон ба сӯрати зинда пахш хоҳад шуд.

Камол‌иддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Шайх Камол ва Камоли Хуҷандӣ, аз орифону шоирони порсигӯи садаи ҳашти ҳиҷрии қамарӣ аст.

Номи ин шоиру адиб дар феҳристи посдошти машоҳир (2021–2020 ) ЮНЕСКО (парвандаи муштараки кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Қирғизистон) қарор дорад.

Мирҳусайни Занузӣ, устоди ҳунари хушнивисии Эрон дорои мадраки устоди тамом аз Анҷумани хушнивисии Эрон ва дар ҳоли ҳозир узви Шӯрои олии хушнависон дар ин анҷуман аст.

Муҳаммадкарим Рақибов, ҳунарманди наққоши тоҷик низ мутаваллиди соли 1956 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон хаткардаи Ҳунаристони наққошии Мирзораҳмат Олимов дар шаҳри Душанбе аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: