Декабр 18, 2020 17:37 Asia/Dushanbe
  • 28 озари 1399 ҳафт ҳазору 121 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд
    28 озари 1399 ҳафт ҳазору 121 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, бо фавти 178 бемори дигар аз мубталоёни қатъӣ дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар кишвар ба 53 ҳазору 273 нафар расид.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо эъломи охирин омори мубталоёну ҷонбохтагони корона дар кишвар афзуд: Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз (ҷумъа) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳафт ҳазору 121 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва ҳазору 85 нафар бистарӣ шуданд.

Содот Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид – 19 дар Эрон ба як миллиону 145 ҳазору 651 нафар расидааст, гуфт: Хушбахтона то кунун 865 ҳазору 474 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вируси корона омили бемории Ковид - 19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд, ба тавре ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ феврали 2020 бурӯзи пандемияи ин бемориро таъйид кард.

Бемории Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 75 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз як миллиону 650 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.

Эрон аз назари теъдоди фавти корона ва бидуни дар назар гирифтани нисбати ҷамъият ҳаштумин кишвар дунёст.

Теъдоди фавти корона дар Амрико, Бразилия, Ҳинд, Мексика, Италия, Англия ва Фаронса беш аз Эрон будааст.

Вируси корона бо дасти олуда ё атсаву сурфа ва ҳатто қатраҳои танаффусӣ аз тариқи даҳон, бинӣ ва чашм ба афрод мунтақил мешавад.

Тангии нафас, хастагӣ ва бадандард, ихтилол дар бӯёиву чашоӣ ва мушкилоти гуворишӣ аз ҷумлаи алоими бемории Ковид - 19 аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп