Декабр 19, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба як миллиону 152 ҳазору 72 нафар расид
    Маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба як миллиону 152 ҳазору 72 нафар расид

Вируси корона ҷони 175 тани дигарро дар 24 соати гузашта дар Эрон гирифт, ки ин омор нишондиҳандаи коҳиши рӯзафзуни шумори қурбониёни Ковид-19 дар ин кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта, 6 ҳазору 421 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод  822 нафар бистарӣ шуданд.
 
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба як миллиону 152 ҳазору 72 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ ба 53 ҳазору 448 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 875 ҳазору 943 нафар аз беморони коронаӣ дар ин кишвар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Ҳамчунин бар асоси охирин хабарҳо теъдоди шаҳрҳои дорои вазъияти шадиди коронаӣ (вазъияти сурх ) дар Эрон ба сифр расидааст.
 
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 76 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти кам як миллиону 685 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 53 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп