Раҳбари инқилоб: муҷоҳидати парасторон онҳоро дар чашми мардум азизтар кард+филм
(last modified Sun, 20 Dec 2020 09:29:16 GMT )
Декабр 20, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Муҷоҳидате, ки дар ин муддат анҷом гирифт, парасторҳоро дар чашми мардум азизтар кард
    Муҷоҳидате, ки дар ин муддат анҷом гирифт, парасторҳоро дар чашми мардум азизтар кард

Раҳбари муъаззами инқилоб фармуданд: имрӯз парасторон дар чашми мардум аз ҳамеша азизтар ва шарофатмандтар ҳастанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи якшанбе дар суханронии зиндаи телевизионӣ ба муносибати вилодати ҳазрати Зайнаб (с), ки дар Эрон рӯзи парастор номида мешавад, ин рӯзро ба ҳамаи парасторон табрик гуфтанд ва бо ишора ба даврони густариши вируси корона афзуданд: парасторони мо дар ин даврони коронаӣ ва дар шароити бисёр душвортар ва пуризтиробтар аз шароити маъмулӣ бо инки ҷони худашон дар хатар буд ва эҳтимол медоданд, ки худашон мубтало шаванд, кори бузургеро ба сабт расонданд ва саҳнаҳо ва фаъолиятҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки ба ҳақиқати эъҷобангез аст.

Эшон таъкид карданд: ин муҷоҳидате, ки дар ин муддат анҷом гирифт, парасторҳоро дар чашми мардум азизтар кард.

Раҳбари муъаззами инқилоб дар идома афзуданд: парасторон ҳам ба ҷисми бемор кумак мекунанд ва беҳбудии ӯро суръат мебахшанд ва ҳам инки ҷону рӯҳи ӯро бо як лабханд, як ҳарфи гарму як ҳаракати меҳрбонона оромиш медиҳанд.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин ба хонаводаҳои гиромии парастороне, ки бар асари корона азизони худро аз даст доданд, таслияти гуфтанд ва барои он даргузаштагони фидокору муҷоҳид аз Худои тақозои улуви дараҷот карданд.

Раҳбари муъаззами инқилоб дар идомаи суханони худ ба вазоиф ва таколифи масъулон дар қиболи заҳамот ва аз худгузаштагиҳои парасторон пардохтанду афзуданд: истихдоми парасторон яке дигар аз корҳои зарурӣ ва хеле хуб аст, ки бояд бо ҷиддият дунбол шавад то вазъи парасторон ба гӯнае бошад, ки бо хаёли роҳат ба кор худ бипардозанд ва хонаводаҳои онҳо ҳам нисбат ба вазъияти онҳо осудахотир бошанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: