Декабр 22, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 22 декабри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 22 декабри 2020 эълом шуд

Шумори ҷонбохтагони қатъии Ковид - 19 дар Эрон аз 54 ҳазор нафар гузашт.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи охирин омори беморону ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 208 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ ва 915 нафар бистарӣ шуданд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, теъдоди қурбониёни корона дар Эрон аз 54 ҳазор нафар гузашт

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: “Дар 24 соати гузашта бо фавти 187 бемори дигар аз беморони Ковид - 19 теъдоди маҷмӯи ҷонбохтагон дар Эрон ба 54 ҳазору се нафар расид”.

Лорӣ афзуд: “Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 170 ҳазору 743 нафар расида, ки хушбахтона то кунун 903 ҳазору 998 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Дар ҷаҳон низ то кунун беш аз 77 миллион нафар ба вируси корона олуда шудаву беш аз як миллиону 700 ҳазор нафар низ бар асари Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп