Декабр 22, 2020 22:33 Asia/Dushanbe
  • Тимҳои миллии футболи навҷавонону ҷавонони Эрон дар Тоҷикистон урдӯи тадорукотӣ барпо кардаанд
    Тимҳои миллии футболи навҷавонону ҷавонони Эрон дар Тоҷикистон урдӯи тадорукотӣ барпо кардаанд

Мудири фаннии тими футболи ҷавонони Эрон гуфт, тимҳои ҷавонону навҷавонони Тоҷикистон ҳарифони қудратманде барои ҳамтоёни эрониашон хоҳанд буд.

Ба гузориши сомонаи Варзиши -3”, Ҳамиди Дурахшон бо ибрози ризоият аз макони иқомату имконоти тамринии тимҳои футболи навҷавонону ҷавонони Эрон дар Тоҷикистон гуфт: “Хушбахтона шароити бисёр хубе дар урдӯи Тоҷикистон дорем ва барномаҳои омодасозии ҳар ду тими навҷавонону ҷавонон ба беҳтарин шакл дунбол мешавад”.

Мудири фаннии тими миллии футболи ҷавонони Эрон афзуд: “Тоҷикистон дар радаи поя тимҳои хубе дорад ва метавонад ҳарифи муносибе барои тимҳои мо бошад”.

Даври ниҳоии мусобиқоти футболи қаҳрамонии навҷавонону ҷавонони Осиё - 2020 ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтодааст ва қарор аст Конфедератсияи Футболи ОСИЁ таърихи нави баргузории мусобиқотро эълом кунад.

Тими миллии футболи ҷавонони Эрон дар гурӯҳи нахусти ин рақобатҳо бо тимҳои Камбоҷа, Индонезия ва Ӯзбакистон ҳамгурӯҳ аст.

Тими миллии футболи навҷавонони Эрон низ бо тимҳои Баҳрайн, Кореяи Шимолӣ ва Қатар дар як гурӯҳ қарор дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп