Декабр 27, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Се кӯҳнаварди дигар ҳанӯз нопадид ҳастанд
    Се кӯҳнаварди дигар ҳанӯз нопадид ҳастанд

Фармондеҳи ягони кӯҳистони пулиси Теҳрон аз ҷон бохтани 11 тан дар ҳодисаи суқӯти баҳман(тарма) дар иртифоъоти шимолии Теҳрон хабар дод.

Сарҳанг Муҳаммади Муқаддасӣ, фармондеҳи ягони кӯҳистони пулиси Теҳрон гуфт, то кунӯн ягони имдоди пулис пайкари 10 кӯҳнавардро дар иртифооти Колакчол(kolakchal), пайдо кардааст ва 2 нафари ҳам бар асоси эъломи хонаводаҳояшон нопадид ҳастанд ва талош барои ёфтани онҳо идома дорад.

Вай афзуд, бо тавваҷуҳ ба сардии беш аз ҳадди ҳаво имкони интиқоли 2 нафари дигар аз кӯҳнавардоне, ки ҷони худро аз даст додаанд ба поини кӯҳ вуҷӯд надорад ва амалиёти интиқол фардо анҷом ме‌шавад.

Сарҳанг Муқаддасӣ ҳамчунин изофа кард, 18 кӯҳнаварди гирифтор шуда дар иртифооти Тӯчоли Теҳрон, ки бар асари маҳ(меғ) гирифтагӣ масири худро гум карда буданд, наҷот ёфтаанд.

Суқути тарма дар иртифооти Теҳрон
Суқути тарма дар иртифооти Теҳрон
Суқути тарма дар иртифооти Теҳрон

 

 

 

Барчасп