Ифтихорофаринии кӯҳнаварди эронӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 06 Aug 2021 13:45:22 GMT )
Август 06, 2021 18:45 Asia/Dushanbe
  • Ифтихорофаринии кӯҳнаварди эронӣ дар Тоҷикистон

Кӯҳнаварди эронӣ сеюмин қуллаи баланди Тоҷикистонро фатҳ кард.

Ба гузориши Федератсияи кӯҳнавардии Эрон, Меҳрдоди Амирӣ, масъули бошгоҳи кӯҳнавардии Меҳроини Аҳвоз дар сеюмин ҳузури байналмилалии худ муваффақ шуд дар ҳавои барфӣ ба қуллаи 7105 метрии Крижановский, сеюмин қуллаи баланди кишвари Тоҷикистон боло равад.

Кӯҳнаварде, ки муваффақ ба фатҳи қуллаи Крижановский шавад, соҳиби ҷоизаи “Паланги барфӣ” мешавад.

Ин унвон - пурифтихортарин унвони кӯҳнавардӣ дар минтақаи Шуравӣ ва Осиёи Марказӣ аст.

Амирӣ пеш аз ин ба қуллаҳои Ленин ва Хон Тенгри дар кишвари Қирғизистон боло рафта буд.

 

Бештар бихонед: