Декабр 27, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти таҳрими Ҷомеул Мустафо тавассути намояндагони маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
    Маҳкумияти таҳрими Ҷомеул Мустафо тавассути намояндагони маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон

Намояндагонии Маҷлиси Шӯрои Исломии эрон таҳрими ҷомеул Мустафо Ал-Омия аз сӯи Вазорати хазонадории Амрикоро маҳкум карданд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони Маҷлиси шӯроии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар баёнияе таҳрими Ҷомеул Мустафо Ал-Илмия аз сӯи Вазорати молияи Амрикоиро маҳкум карданд.

Дар ин баёния омадааст: бори дигар илмситезону мухолифони таолии башарият чеҳраи ҳақиқии худро ошкор карданду ин бор наҳоде муъаззам ҳамчун Ҷомеул Мустафоро, ки аз муътабартарин ниҳодҳои омӯзишии байналмилалӣ аст ва дағдағаи нашри илму маънавият дар дунёро дорад ҳадафи таҳрими кури худ қарор доданд; ин иқдом бешакк нишонаи аҷзу истисоли давлати мустакбири Амрико дар баробари пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангии миллати Эрон аст.

Намояндагони Маҷлиси шӯроии исломии Эрон таҳрими ин маркази илмии байналмилалиро, ки шиори адолат, маънавият ва ақлониятро сарлавҳаи фаъолияти худ қарор дода, маҳкум карда ва таъкид карданд: маҷлиси инқилобии таҳрими ҷоҳилона ин маркази илмиро амали ғайриахлоқӣ, номашрӯъ ва манофии ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонӣ дониста ва онро ба шиддат маҳкум менамояду ҳимояти қотеъи худро аз ин ниҳод фохир эълом медорем.

Вазорати молияи Амрико рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки номи Донишгоҳи байналмилалии Ҷомеул Мустафо (с) ба феҳристи ашхосу ниҳодҳои таҳти таҳрими дафтари назорати дороиҳои хориҷӣ ( УФК ), ки аз ниҳодҳои зермаҷмӯъаи ин вазоратхона ба шумор меравад, изофа шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп