Ифтитоҳи намоишгоҳи ихтисосии фарши эронӣ дар Чин
(last modified Tue, 29 Dec 2020 12:56:37 GMT )
Декабр 29, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Қолии дастибофи эронӣ дар саросари ҷаҳон тарафдорони бисёре дорад
    Қолии дастибофи эронӣ дар саросари ҷаҳон тарафдорони бисёре дорад

Аввалин намоишгоҳи ихтисосии қолии дастбофт ва ҳунарҳои дастии Эрон дар Чин ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин намоишгоҳ бо номи «Дар ҷустуҷӯи тамаддуни Роҳи Абрешим» кори худро дар шаҳри Нанҷинги Чин оғоз кард.

Рамазони Парвоз, сарконсули Эрон дар Шанхай дар маросими кушоиши намоишгоҳ, зимни ташаккур аз баргузоркунандагони он, ба иштирокоти фарҳангии ду кишвар дар ду ҳазор соли пеш ва иртибототи эрониёну чиниён аз тариқи Роҳи Абрешим ишора карду гуфт: «Иштирокоту иртибототи тамаддунӣ дастмояи муносибе барои ҳамкориҳои ду кишвари Эрону Чин дар оянда ва дар чорчӯби тарҳи «Як камарбанд - як роҳ» хоҳад буд».

Рамазони Парвоз, сарконсули Эрон дар Шанхай аз ифтитоҳи намоишгоҳи фарши Эрон дар Чин ташаккур кард

 

Вай бо ишора ба қарордоди бародаршаҳрӣ (хоҳархондагӣ) миёни ду шаҳри таърихии Шерози Эрон ва Нанҷинги Чин, баргузории ин намоишгоҳро нуқтаи атфе дар муаррифии зарфиятҳои болои фарҳангии тамаддуни таърихии Эрон донист.

Ин намоишгоҳ то таърихи 9 январи 2021 дар маҳалли музеи ҳунари Нанҷинг барои боздиди умумӣ барпо аст.

 

Бештар бихонед: