Рӯҳонӣ: Сардор Сулаймонӣ ифтихори миллатҳои мусулмон аст
-
Рӯҳонӣ: Ҳаққи мардуми Эрон аст, ки аз хуни азизи худ интиқом бигиранд
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, қаҳрамони миллӣ ва ифтихори миллати Эрон, миллатҳои минтақа ва миллатҳои мусулмон аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ афзуд: “Соле ки фардо ба поён мерасад, бо ғаму дарди шаҳодати сардоре бузург ҳамроҳ буд, ки ба дастури мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи ин кишвар террор шуд”.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ин ҳаққи мардуми Эрон аст, ки аз хуни азизи худ интиқом гирифтаву аз ҳуқуқи мусаллами он бузургвор дифоъ кунанд.
Рӯҳонӣ хитоб ба тарроҳони амрикоии нақшаи террори сардор Сулаймонӣ афзуд: “Шумо дасти сардори моро қатъ кардед ва бояд пойи шуморо аз ин минтақа қатъ кунем ва вақте пойи шумо дар ин минтақа қатъ шавад, мо интиқоми ниҳоиро гирифтаем”.
Вай бо ёдоварии ҷанозаи пуршӯри пайкари шаҳид Сулаймонӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон афзуд: Трамп ва режими Исроил фикр намекарданд тамоми миллати Эрон, Ироқ, Лубнон ва минтақа дар ғами фироқи ин сардор ба хиёбон биёянд.
Раиси Қувваи муҷрияи Эрон раъйи намояндагони порлумони Ироқ ба хуруҷи низомиёни Амрико аз он кишварро силии муҳкаме ба режими террористи Амрико тавсиф ва изҳор кард: Амрикоиҳо фикр намекарданд сардори бузургеро дар Ироқ шаҳид кунанду баъд намояндагони порлумон раъй ба хуруҷи онҳо диҳанд, онҳо пеш аз ин фикр мекарданд дар Ироқ ҷойгоҳе доранд.
Рӯҳонӣ таъкид кард: Шаҳид Сулаймонӣ ҳаст, эшон шаҳиди зиндаи таърих аст ва саҳнаи муқовимат бо ҳамон шӯру иштиёқ ва ҳатто қудрати бештар ба кораш идома медиҳад.
Бештар бихонед:
- Шиносоии 48 муттаҳам дар парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ
- Амир Абдуллоҳиён: Интиқоми шаҳид Сулаймонӣ дар дастури кори ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад