Январ 03, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
  • Ироқиҳо дар маҳали шаҳодати фармондеҳони муқовимат бо дуо ва равшан кардани шамъ ёди онҳоро гиромӣ доштанд
    Ироқиҳо дар маҳали шаҳодати фармондеҳони муқовимат бо дуо ва равшан кардани шамъ ёди онҳоро гиромӣ доштанд

Шумори зиёде аз мардуми Ироқ ба муносибати нахустин солрӯзи шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис маросими бошукӯҳеро дар маҳали шаҳодати онҳо дар хиёбони фурӯдгоҳи Бағдод баргузор карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Собирин нюз, шаҳрвандони ироқӣ шаби гузашта бо ҳузур дар хиёбони мунтаҳӣ ба фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод, ки соли гузашта худрави ҳомили сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ва дигар ҳамразмонашон дар онҷо ҳадафи ҳамлаи Амрико қарор гирифт бо равшан кардани шамъ ва хондани дуо ёди фармондеҳони пирӯзиро гиромӣ доштанд.

Дар ин маросим шуморе аз фармондеҳони басиҷи мардумии Ироқ бар идомаи роҳи фармондеҳони муқовимат, гирифтани интиқоми хуни онҳо ва берун кардани ишғолгарони амрикоӣ аз Ироқ таъкид карданд.

Ҳамзамон маросими дигаре ҳам дар канори мазори шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар Наҷафи ашраф баргузор шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террорист амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп