Корона ҷони 102 нафари дигарро дар Эрон гирифт
-
Корона ҷони 102 нафари дигарро дар Эрон гирифт
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бо фавти 102 бемори дигар аз мубталоён ба корона, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 540 нафар расид.
«Симо Содот Лорӣ» сухангӯии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ панҷ ҳазору 960 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ шуду 497 нафар бистарӣ шуданд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни инки маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 243 ҳазору 434 нафар расидааст, гуфт: хушбахтона токунун як миллиону 13 ҳазору 18 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Вируси коронаи омили бемории Ковиди 19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри "Вуҳон"-и Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд ба тавре, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ феврали 2020 бурӯзи пандемияи ( ҳамагирии ҷаҳонӣ ) ин бемориро таъйид кард.
Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 85 миллион нафарро дар дунё мубтало кардау беш аз як миллиону 800 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.
Вируси корона бо дасти олуда ё атса ва сурфа ва ҳатто қатароти танаффусӣ аз тариқи даҳон, бинӣ ва чашм ба афрод мунтақил мешавад.
Тангии нафас, хастагӣ ва бадандард, ихтилол дар бўёӣ ва чашоӣ ва мушкилоти гуворишӣ а ҷумлаи алоими бемории Ковид 19 аст.
Бештар бихонед: