Зариф: Эрон ғанисозии 20 дарсадии уранро оғоз кард
(last modified Tue, 05 Jan 2021 05:14:01 GMT )
Январ 05, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Тадобири мо дар сурати пайбандии ҳама ба тааҳҳудоташон ба таври комил бозгаштпазир аст
    Зариф: Тадобири мо дар сурати пайбандии ҳама ба тааҳҳудоташон ба таври комил бозгаштпазир аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Мо бар асоси мусаввабаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ғанисозии 20 дарсадии  уранро аз сар гирифтем.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар паёме навишт: Мо бар асоси мусаввабаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ғанисозии 20 дарсадиро аз сар гирифтем ва дар ин замина ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ итилоърасонӣ шудааст.

Зариф афзуд: Иқдомоти ҷубронии мо дар мутобиқати комил бо банди 36 БарҶом аст ва баъд аз солҳо бетааҳҳудии чанд узви дигари БарҶом иҷро шудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Тадобири мо дар сурати пойбандии ҳама ба тааҳҳудоташон ба таври комил бозгаштпазир аст.

Қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо шомили 9 модда аст, ки илзоми давлати Ҷумҳурии исломии Эрон барои ғанисозии 20 дарсад, афзоиши захоири урани ғанишудаи ҷумҳурии исломӣ ва баҳрагирии Созмони энержии атомии Эрон аз насли ҷадиди сонтрифужҳои IR2M ва IR6 аз ҷумлаи мавориди ин қонун аст.

 

Бештар бихонед: