Январ 06, 2021 16:53 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба оғози раёсати ҷумҳурии Ҷо Байден дар Амрико дар ояндаи наздик гуфт, дар сурате ки Амрико ба ҳамаи тааҳҳудоташ амал кунад, Эрон низ ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт: «Давлати ояндаи Амрико, ки 2 ҳафтаи дигар бар сари кор меояд, агар гуфт, ки Амрико дигар тавба кардаасту мехоҳад дар масири қонун қарор бигирад ва ба тааҳҳудоташ амал кунад, ҷавоби мо хеле сареҳу равшану сода аст».

Рӯҳонӣ афзуд: «Мо мегӯем, агар Шумо ба ҳамаи тааҳҳудот амал кардед, мо ҳам ба ҳамаи тааҳҳудот амал мекунем. Агар амал накардед, мо баробари Шумо сар фуруд намеоварем».

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: «Шумо агар ба тааҳҳудот амал кардед, миннате сари мо нагузоштед, аз як кори хилофи қонуне ки то кунун анҷом медодед, даст бардоштед, пушаймон шудеду мутаваҷҷеҳ шудед, ки иштибоҳ кардед, мо ҳам истиқбол мекунем».

Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба ҳодисаи ҳадафгирии иштибоҳи ҳавопаймои украинӣ дар ҳаштуми январи 2020 дар атрофи Теҳрон, зимни ибрози ҳамдардии дубора бо хонаводаи ҷонбохтагони ин ҳодиса, бар муҳокимаи одилонаи сабабгорони он ҳодиса таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт, ба бозмондагони қурбониёни ҳодисаи ҳавопаймои украинӣ: чӣ эронӣ ва чӣ хориҷӣ 150 ҳазор доллар хисорат пардохт хоҳад шуд.

Ҳаштуми январи 2020 як ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Украина атрофи Теҳрон бо шиллики иштибоҳи ду мушак сарнагун шуд, ки бар асари он 167 мусофир ва 9 хадамаи ин парвоз ҷон бохтанд.

 Бештари мусофирони ин ҳавопаймо шаҳрвандони Эрон ва 32 нафар низ бо гузарномаҳое аз 5 кишвари Канада, Афғонистон, Украина, Англия ва Шветсия буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп