Паёми вазири дифои Эрон ба ҳамтоёнаш дар 60 кишвари ҷаҳон
Вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба вазирони дифои 60 кишвари ҷаҳон, бо ишора ба собиқаи дахолати мустақими хадамоти иттилоотии бегона дар террори донишмандони эронӣ таъкид кард: Бидуни тардид муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризм ниёзманди канор гузоштани рафторҳои дугона аст.
Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин паём, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд, ёдовар шуд, ки шавоҳиде ҷиддӣ аз нақши режими ишғолгари саҳюнистӣ дар террори Муҳсини Фахризода, донишманди барҷастаи эронӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба маҳкумияти ин ҳаракати ғайриинсонӣ, ғайриқонунӣ ва ҷиноятомез бипайванданд.
Сартип Ҳотамӣ бо ишора ба ибтикороту дастовардҳои шаҳид Фахризода дар ҳавзаҳои илмиву пажӯҳишӣ, бавижа тавлиди абзору таҷҳизоти муқобила бо корона изофа кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз қурбониёни терроризму хушунат, ки дар 4 даҳаи гузашта 17 ҳазор нафар аз шаҳрвандону мақомоти олии худро дар натиҷаи иқдомоти террористӣ аз даст додааст, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад ин ҳаракати ғайриинсониву ғайриқонуниро маҳкум кунад.
Вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон сукут дар муқобили чунин иқдомотеро омили такрори он ва ноамнӣ дар ҷаҳон донист ва бо таъкид бар муҷозоти омирону омилони террори донишманди эронӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаққи худро барои посухгуӣ ба ин ҷиноёт маҳфуз медонад.
Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва аз донишмандони барҷастаи санъати ҳастаӣ ва дифоии ин кишвар 27 ноябри 2020 дар ҳамлаи террористӣ дар атрофи Теҳрон ба шаҳодат расид.
Бештар бихонед:
- Рӯзномаи исроилӣ: Моссад 27 сол Муҳсини Фахризодаро зери назар дошт
- Раиси собиқи CIA: Террори Муҳсини Фахризода бояд маҳкум шавад
- Ҷадидтарин иттилоот дар бораи шеваи террори шаҳид Фахризода