Июн 01, 2024 11:38 Asia/Dushanbe
  •  Такрори таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо зидди Эрон

Иттиҳодияи Аврупо дар ростои иқдомоти хасмона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон , шаш фард ва се ниҳоди эронӣ аз ҷумла неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Муҳаммадризо Оштиёнӣ-вазири дифоъи Эронро таҳрим кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Иттиҳодия Аврупо рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, ки таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ба иллати интиқоли паҳпод барои Русия ба манзури истифода аз он дар ҷанги Украина ва ҳамчунин интиқоли мушак ва паҳпод барои гурӯҳҳои ниманизомӣ ва тазъифи амният дар ғарби Осиё ва баҳри Сурх ҷорӣ шудааст.

 Дар баёнияи ин иттиҳодия иддао шудааст: Ниҳоди таҳти мудирияти вазири дифоъи Эрон, масъули барномарезӣ, тадорукот ва таъмини молии неруҳои мусаллаҳи Эрон аст ва нақш бузурге дар саноеъи дифоъӣ аз ҷумла тавлиди паҳпод ифо мекунад ва ин вазири эронӣ масъули ҳимоят аз Русия аз ҷумла таъмини паҳподҳои эронӣ аст.

 Ин таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо дар ҳоле аст, ки мақомоти аршади Эрон ва Русия ҳамеша иддаои интиқоли силоҳ барои Москва ба манзури истифода дар ҷанги Украинаро рад кардаанд.

 Дар ҳамин ҳол давлати Амрико дирӯз дар идомаи сиёсатҳои хасмонаи худ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон як фард ва чаҳор ниҳоди эронии муртабит бо Созмони саноеъи ҳавофзоро ҳам таҳрим кард.

Давлати Ҷо Байден-раисҷумҳури Амрико аз нахустин рӯзи соли 1403 ҳиҷри шамсӣ ба баҳонаҳои мухталиф Ҷумҳурии Исломии Эронро таҳрим кардааст.

 Давлат демократи Ҷо Байден , ки муддаии рӯйкарди дипломосӣ дар қиболи Эрон ва талош барои бозгашт ба Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом )буда, то кунун натанҳо муваффақ ба бозгашт ба Барҷом нашудааст, балки бо таҳримҳои пай дар пай ба баҳонаҳои барномаи дифоъии боздорандагии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла мушаки баллистикӣ, паҳподӣ, ҳастаӣ ва ҳуқуқи башар дар ростои сиёсатҳои шикастхӯрда ҳаракат кардааст.

 

Барчасп