Октябр 18, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти дидори вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон

Вузарои дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон дар дидоре ба арзёбии сатҳи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоии ду кишвар пардохтанд.

Генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар дидор бо генерал-полковник Шералӣ Мирзо, вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор кард, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далели иштирокҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ду миллат, амиқ ва роҳбурдӣ аст. Минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи вижа ва барҷастае дар сиёсати хориҷӣ ва минтақаии Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор аст.

Дар ин дидор, вазири дифои Тоҷикистон дар бораи тавсеаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, вазъияти феълии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, барномаҳои иҷро шудаи ду кишвар дар чорчӯби ҳамкориҳои муассири низомӣ ва тавсеаи равобити низомӣ - фаннӣ бо вазири дифои Эрон гуфтугӯ кард.

Табодули иттилоот ва омӯзиш дар заминаи муборизаи муштарак бо терроризму соири мавзуоти муртабит бо тарҳ ва чашмандози ҳамкории низомӣ байни Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Вазири дифои Эрон низ бо баёни инки нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил аст, афзуд, нахустин сафари хориҷии раисиҷумҳур бо сафар ба Тоҷикистон рақам хӯрд ва ин амр нишондиҳандаи ҷойгоҳ ва аҳаммияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Вазири дифои Эрон бо тақдир аз ҳимоятҳои давлати Тоҷикистон дар узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, гуфт, равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бисёр пуршитоб ва амниятӣ шудааст, бар ҳамин асос шоҳиди рақобатҳои геополитӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва осори он дар манотиқи ҷуғрофиёии мухталиф ҳастем. Минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони яке аз манотиқи роҳбурдии ҷаҳон ба маҳалле барои рақобатҳои геополитии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст.

 

Барчасп