Январ 06, 2021 19:25 Asia/Dushanbe
  • Омори ҷонбохтагони вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ба 82 тан коҳиш ёфт
    Омори ҷонбохтагони вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ба 82 тан коҳиш ёфт

Омори ҷонбохтагони вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ба 82 тан коҳиш ёфт, ки ин рақам дар ҳафт моҳи ахир камтарин шумори маргумирҳои иборат аз ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар аст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, бар ин асос маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 830 нафар расидааст.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта шаш ҳазору 283 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдоди 603 нафар бистарӣ шуданд, ки бо ин омор шумори беморони Ковид - 19 дар ин кишвар ба як миллиону 261 ҳазору 903 нафар расидааст.

Аз сӯйи дигар, то кунун як миллиону 40 ҳазору 521 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Дар ҷаҳон низ теъдоди афроди мубтало ба вируси корона ба беш аз 87 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 878 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 62 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп