Март 31, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон охирин омори корона дар кишварро эълом кард.

Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон дар гузорише эълом кард, аз рӯзи чаҳоршанбе то рӯзи панҷшанбе ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, ду ҳазору 487 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 355 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 7 миллиону 162 ҳазору 220 нафар расид.

То кунун 6 миллиону 873 ҳазору 642 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп