"Қавӣ шудан" мантиқи Эрон дар дифоъ аз амният ва муқобила бо таҳдидҳо
Яке аз бахшҳои муҳими сиёсати дифоъи Эрон баланд бардоштани қобилияти дифои мушакӣ аст, ки дар баҳси боздоранда аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ростои ҳифз ва истимрори ин стратегияи мантиқӣ; рӯзи ҷумъа бо ҳузури фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломии яке аз пойгоҳҳои мушакии нерӯи дарёии сипоҳ дар савоҳили халиҷи Форс рӯнамоӣ шуд.
Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сарлашкар «Ҳусейн Саломӣ» дар оини рӯнамоӣ аз ин пойгоҳ гуфт: Мантиқи мо дар дифо аз тамомияти арзӣ, истиқлоли кишвару дастовардҳои инқилоби исломӣ " қавӣ шудан " аст.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ афзуд; Барои ҷилавгирӣ аз таҳмили иродаи султаталабона ва барномаи онҳо, роҳе ҷуз тақвияти қудрати боздорандаи дифоӣ ва таҳоҷумӣ барои мо вуҷуд надорад.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси амнияти худ бо ҳеч кас таоруф надорад ва бо ҳамин таъкид қудрати боздорандагии низомии худро мутаносиб бо таҳдидҳо афзоиш додааст.
Раҳбари муаззами инқилоб Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ, дар баёноташон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳадаф аз сиёсат « қудрати боздорандаи низоми исломӣ » ҷилавгирӣ аз тасаввури таъарруз ба Эрон аз ҷониби зӯргӯёни байналмилалӣ аст.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ; дар бахше аз суханоншон дар рӯзи ҷумъаи гузашта низ, ки ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дейи 1356 ( 1977 ) мардуми шаҳри муқаддаси Қум, ба сурати зинда аз телевизиюн эрод шуд; бо ёдоварии таҷрибаи талхи нотавонии кишвар дар муқобили ҳамалоти ҳавоии Саддом, хотирнишон карданд: Эрон он рӯзҳо дар муқобили мушкборон ва бомбаборони Теҳрон ва шаҳрҳои мухталиф нотавону бе дифо буд ва ҷумҳурии исломӣ ҳақ надошт кишварро дар он шароити нигаҳ дорад.
Эшон бо ёдоварии намунаҳое аз қудрати дифоии имрӯзи Эрон мисли соқит кардани паррандаи мутаҷовизи амрикоӣ дар осмони Эрон ва ё дар ҳам кӯбидани пойгоҳи Айнул асад, гуфтанд : Душман дар муқобили ин воқеъиятҳо ногузир аст қудрат ва тавоноӣҳои дифоии Эронро дар муҳосиботу тасмимоти худ дар назар бигирад.
Амрикои ҷинояткор як сол қабл бо нишон додани умқи кина ва адовати худ дар иқдомии террористӣ вабои дастури мустақими Трамп дар 3 январи 2020 бо ҳадафи зарба задан ба пояҳои иқтидори миллати Эрон, сардори сипаҳбау «Қосим Сулаймонӣ » фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва шуиоре аз ҳамроҳони вайро, ки ба даъвати расмии давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба шаҳодат расонд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, дар посухе кӯбанда ба ин ҷинояти Амрико дар 8 январ бо 13 фарванди мушаки пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнул асадро дар остони Ал-Анбор дар ғарби Ироқ ҳадафи ҳамлаи сангин қарор дод. Ин посухи кӯбанда нишон дод ҷумҳурии исломии Эрон аз назари шохисҳои дифоӣ ва боздорандагии низомӣ кишваре қудратманд аст.
Намояндагони Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар баёнияе, ки моҳи августи соли гузаштаи ва дар остонаи рӯзи саноати дифоӣ; мунташир шуд бо ишора ба зарурати омодагии дифоӣ ва қудрати боздорандагии Эрон; аз саноати мушакӣ ҳимоят ва бар сиёнат аз қудрати мушакӣ ва таслеҳотии ҷумҳурии исломӣ таъкид карданд.
Қудрати дифоии Эрон акнун дар олитарин сатҳ аз боздорандагӣ ва тавони таҳоҷумӣ барои муқобила бо таҳдидҳо қарор дорад. Дар арсаи ҳаво ва фазо пешрафти Эрон дар ҳадде аст ки дар ҷойгоҳи 5 кишвари бартари созандаи паҳбод дар ҷаҳон қарор дорад ва унвони дувумин кишвари созандаи паҳбоди радаргурезро (дронҳои бесарнишин) ба худ ихтисос додааст.
Шаҳоби Шаъбониниё; таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд "Ҷумҳурии исломии Эрон зимни бархӯрдорӣ аз таҷрибаи ҷангии ҳаштсола, ба унвони чаҳорумин қудрати мушакии ҷаҳон шинохта мешавад. Возеҳ аст ки ҳар душмане бо тавваҷӯҳ ба ин мавзӯ, ночор аст ки пеш аз ҳамла ба Эрон, тавони мушакии Эронро дар кафаи муҳосиботи худ қарор диҳаду зимни пардохтан ба фавоиде, ки ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон барояш хоҳад дошт, зарарҳои ношӣ аз посухи мушакии Эронро низ баррасӣ кунад ."
Ин қудратафзоӣ, маънояш таҳдид нест, балки ҳамонгуна ки сарлашкар «Ҳусейни Саломӣ» фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хотирнишон кард: Агар иродае дар мустакбирону душманони мо вуҷуд дошта бошад, ҷавонони шуҷоъу барӯманди Эрон, иродаи онҳоро фурӯ мебаранд.
Бештар бихонед: