Январ 11, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • То кунун як миллиону 81 ҳазору 736 бемори коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд
    То кунун як миллиону 81 ҳазору 736 бемори коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд

Фавти 91 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон шумори маргумирҳои ношӣ аз корона дар ин кишварро ба 56 ҳазору 262 нафар расонидааст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 208 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва 642 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 292 ҳазору 614 нафар, ки аз ин теъдод то кунун як миллиону 81 ҳазору 736 нафар беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бемории Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 90 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз як миллиону 930 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп