Январ 12, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Авлавияти аслии муносиботи ду кишвар дастрасии Эрон ба манобеи молии худ дар Корея аст
    Зариф: Авлавияти аслии муносиботи ду кишвар дастрасии Эрон ба манобеи молии худ дар Корея аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бар рафъи ҳар чӣ зудтари монеаҳои дастрасӣ ба манобеи арзии Эрон назди бонкҳои кореяӣ таъкид кард.

Ба гузориши Идораи кулли итилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Чой Ҷонг Кан, ҷонишини вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон таъкид кард: Бо тавваҷуҳ ба паёмадҳои беҳдоштиву иқтисодии корона дар ҳоли ҳозир авлавияти аслии муносиботи ду кишвар фароҳам шудани дастрасӣ ба манобеи молии Эрон назди бонкҳои кореяӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин тавқифи нафткаши кореяиро мавзӯи фаннӣ хонду афзуд: Киштии кореяӣ ба далели олудасозии обҳои халиҷи Форс тавқиф шудааст, аз ин рӯ сирфан мавзӯи фаннӣ буда, ки расидагӣ ба он дар чорчӯби муқаррароти ҳуқуқиву қазоӣ дар ҳоли пайгирӣ аст ва давлат имкони дахолат дар ин фароянди қазоиро надорад.

Ҷонг Кан низ бо таъкид бар иродаи кишвараш барои ҳалли мушкилоти бавуҷудомада дар равобити Сеул - Теҳрон гуфт: Сеул аз ҳамаи тавони худ барои фароҳам овардани шароити дастрасӣ ба манобеи молии Эрон истифода хоҳад кард.

Ҷонишини вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ бо ишора ба тавқифи киштии мутааллиқ ба ин кишвар дар обҳои халиҷи Форс, суръат бахшидан дар ҳалли ин мавзӯро хостор шуд.

Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ душанбеи чаҳоруми январ аз тавқифи як фарванд шиновари Кореяи Ҷанубӣ бо номи тиҷории "HANKUK CHEMI” ҳомили 7 ҳазору 200 тон маводи химиявии нафтӣ ба далели нақзи протоколҳои зистмуҳитӣ дар халиҷи Форс хабар дод. Ин киштӣ ҳаминак дар БандарАббос, дар ҷануби Эрон лангар андохтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп