Июл 13, 2021 18:14 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Пойбандии худро ба гуфтугӯ ва дипломатия ба намоиш гузоштаем

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, пойбандии худро ба гуфтугӯ ва дипломатия ба намоиш гузоштаем.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти миёндавраи (маҷозӣ)-и вазирони умури хориҷаи Ҷумбиши ғайримутааҳҳидҳо гуфт, мавҷи хурушони чолишҳои ҷаҳонӣ, ки имрӯз бо он мувоҷеҳ ҳастем, ниёз ба иқдомоти ҷамъии бештарро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият кардааст.

Зариф афзуд, чандҷонибагароӣ дигар гузинае муҳтотона талаққӣ намешавад, балкӣ танҳо посухи муносиб ба буҳронҳои шадиди ҷаҳон маҳсӯб мешавад. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, Ҷумбиши ғайримутааҳҳидҳо метавонад фурсате муносибро ба манзури иртиқо ва тақвияти мушорикати ҷаҳонӣ дар бурҳаи замонӣ афзоиши якҷонибагароӣ ва ҳимоятгароӣ дар саҳнаи байналмилал фароҳам кунад. Зариф ҳамчунин гуфт, бемории ҳамагири Ковид 19 бузургтарин озмуни ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар наслҳои башар будааст.

Вай хотирнишон кард, Эрон ҳамвора ва ба таври мустамар тааҳҳуд ба чанд ҷонибагароиро ба унвони мабнои як сиёсати хориҷии нерӯманд ба намоиш гузордааст. Зариф гуфт, дар сатҳи ҷаҳонӣ пойбандии мусаммамонаи худ ба гуфтугӯ ва дипламатияро бо мушорикати фаъол дар маҷомеи мухталифи байналмилалӣ барои посухгуӣ ба шумори касире аз чолишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар музокироти чанд моҳаи ахир барои эҳё ва ҷоне дубора бахшидан ба БарҶом ба намоиш гузоштаем.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, азми Эрон бо вуҷӯди қусури накбатбори Аврупо дар амри таҳаққуқи ваъдаҳои иқтисодии хеш ба мардуми Эрон пас аз хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз Бар Ҷом ва бемайлии давлати ҷадиди Амрико баканор гузордани сиёсати шикастхӯрдаи "фишори ҳаддиаксарӣ" иҷроӣ шудааст.

 

Барчасп