Январ 12, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 12 январи соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 12 январи соли 2021 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 98 нафари дигар дар ин кишвар бар асари корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бора охирин омори корона дар ин кишвар ба хабарнигорон гуфт: «Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 408 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 683 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон расонда шуд.»

 

Лорӣ ҳамчунин гуфт: « Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 98 нафар аз беморони Ковиди 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 360 нафаи расидааст.»

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар кишвар ба як миллиону 299 ҳазору 22 нафар расидааст ки токунун як миллиону 88 ҳазору 456 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .»

 

Бештар бихонед:

Барчасп