Ҳоли умумии довталабони ваксинаи эронии корона хуб аст
Масъули тими назорат бар озмоишҳои инсонии ваксинаи эронии корона гуфт: Ҳоли умумии ҳар 14 довталаби ваксинаи эронии корона хуб аст.
Ҳомиди Ҳусайнӣ, мудири маркази корозмоии болинии Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ ва масъули тими назорат бар озмоишҳои инсонии ваксинаи корона афзуд: Тазриқи дувуми ваксинаи эронӣ ба 3 нафар гурӯҳи аввал анҷом шуд ва ҳоли умумии ҳар 14 довталабе, ки ваксинаи эронии корона ба онҳо тазриқ шуда, хуб аст.
Баъд аз гузашти 14 рӯз аз оғози тести инсонии ваксинаи эронии “Ков Эрон Баракат”, дувумин марҳала аз тазриқи ваксинаи эронии корона дирӯз ба се довталаби аввал анҷом шуд.
Ҳар довталаб ду ҳафта пас аз тазриқи аввал ва қарор гирифтан таҳти муроқибати пизишкии лозим дувумин тазриқро анҷом хоҳад дод ва дар поёни ин марҳала амн будани ваксина бояд мавриди таъйиди пизишкону мутахассисони муҷрӣ ва нозири тарҳ бирасад ва сипас вориди марҳалаи дувуму таъйини мизони асарбахшии ваксина шавад.
Ҳамакнун кишварҳое монанди Амрико, Англия, Русия ва Чин дар мароҳили озмоишӣ ё ниҳоии тавлиди ваксинаи корона ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Тазриқи нахустин ваксинаи коронаи эронӣ бо номи “Ков Эрон Баракат” + филм
- Ваксинаи эронии корона то кунун ҳеч вокуниши манфӣ надоштааст
- Аксҳое аз тазриқи нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ