Зариф: Ҳукми боздошти Трамп содир шуд
(last modified 2021-01-13T14:52:54+00:00 )
Январ 13, 2021 19:52 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Маҳалли пайгирии ҳуқуқии террори сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашон додгоҳҳои Эрон ва Ироқ аст
    Зариф: Маҳалли пайгирии ҳуқуқии террори сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашон додгоҳҳои Эрон ва Ироқ аст

Ҳукми боздошти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо пайгирии зиёди Вазорати умури хориҷаи Эрон ва дигар ниҳодҳо содир шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба баёнияи Шӯрои олии қазоии Ироқ дар хусуси судури ҳукми боздошти Доналд Трамп ба далели ҷинояти террори фармондеҳони шаҳиди муқовимат гуфт: Ин ҳукм бо пайгирии зиёди Вазорати умури хориҷаи Эрон ва дигар ниҳодҳо содир шуда аст.

Зариф ҳамчунин ба пайгирии Вазорати умури хориҷаи Эрон барои маҳкум кардани иқдоми Амрико дар қатлҳои фароқонунӣ дар гузориши вижаи Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: Маҳалли пайгирии ҳуқуқии террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамроҳони эшон маҳокими қазоии Эрону Ироқ аст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини пешини Созмони басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафари дигар аз ҳамразмони онҳо бомдоди ҷумъаи сеюми январи 2020 дар масири фурӯдгоҳи Бағдод дар иқдоми террористии Кохи Сафед ва ба дастури мустақими Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо шиллики ракета аз паҳподҳои артиши ин кишвар ба шаҳодат расиданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп