Январ 15, 2021 22:13 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъаи 15 январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъаи 15 январи 2021 эълом шуд

83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар 24 соати гузашта дар Эрон ҷон бохтанд.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 485 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 631 нафар бистарӣ шаданд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: “Бо фавти 83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 56 ҳазору 621 нафар расид”.

Хонум Лорӣ афзуд: “Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 318 ҳазору 295 нафар расидааст, ки хушбахтона то кунун як миллиону 107 ҳазору 11 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Бемории Ковид - 19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 93 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп