Ҷонсон ва идомаи паёмадҳои расвоии “парти- гейт”
(last modified Sat, 10 Jun 2023 04:39:27 GMT )
Июн 10, 2023 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷонсон ва идомаи паёмадҳои расвоии “парти- гейт”

Нахуствазири пешини Британия, ки соли гузашта дар паи расвоии “парти-гейт” аз мақоми худ канорагирӣ кард, рӯзи ҷумъа аз намояндагии порлумон низ истеъфо дод.

Дафтари нахуствазири Британия дар миёнаи даври дувуми маҳдудиятҳои коронаӣ ва дар шароите, ки баргузории гирдиҳамоии ғайрикорӣ дар фазои баста мамнӯъ буд, мизбони меҳмонӣ ва ҷашнҳои ғайрикорӣ будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҷонсон бо судури баёнияей эълом кард, ки аз кумитии вижаи порлумони Британия номаеро дар бораи натиҷаи таҳқиқоти онҳо перомуни моҷарои парти-гейт дарёфт карда, ки ба таъбир ӯ нишонгари ирода барои ихроҷи вай аз порлумон аст.
Бо канорагирии Ҷонсон аз ин ҳавза интихоботи миёндавраӣ барои таъйини ҷонишини вай аз миёни аҳзоби сиёсӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҷонсон умедвор буд, ки дар интихоботи умумии соли оянда битавонад бори дигар ба арсаи сиёсат бозгардад ; аммо бо канорагирӣ аз намояндагии порлумон вай барои ҳамеша аз қудрат худоҳофизӣ кард.