Тазриқи ваксинаи эронии корона ба 3 довталаби дигар
Ваксинаи эронии корона бо номи “Ков Эрон Баракат” ба се довталаби дигар тазриқ шуд.
Доктори Ҳомид Ҳусайнӣ, мудири маркази корозмоии болинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон рӯзи душанбе бо баёни ин ки ваксинаи “Ков Эрон Баракат” то кунун ба 17 довталаб тазриқ шудааст, афзуд: 4 довталаби дигар ҳам то поёни ҳафта ин ваксинаро дарёфт мекунанд.
Мудири маркази корозмоии болинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон бо ишора ба вазъи умумии довталабоне ки пеш аз ин ваксинаи эронии коронаро дарёфт карда буданд, изофа кард, ки ҳоли умумии ин афрод хуб аст.
Дар идомаи мутолеоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Ков Эрон Баракат” марҳалаи якуми тазриқи инсонии он 29 декабри 2020 рӯйи довталабон оғоз шуд.
Қарор аст ваксинаи эронии корона дар марҳалаи нахуст дар даврае думоҳа ба 56 довталаб тазриқ шавад.
Бештар бихонед:
- Ҳоли умумии довталабони ваксинаи эронии корона хуб аст
- Ваксинаи эронии корона то кунун ҳеч вокуниши манфӣ надоштааст
- Ваксинаи эронии корона тобистони оянда вориди бозор мешавад