Январ 20, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • Саид Арабзода аз аккосони саршиноси эронӣ аст
    Саид Арабзода аз аккосони саршиноси эронӣ аст

Аккоси эронӣ муваффақ ба дарёфти нишони ҷашнвораи байналмилалии акси Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши ИСНА, ҷашнвораи байналмилалии акси “Тоҷик фото – 2020”, ки зери назари Федератсияи байналмилалии ҳунари аккосӣ ва Анҷумани аккосони Амрико баргузор мешавад, ба Саид Арабзода, аккоси эронӣ нишони FPC - ро дар бахши портрет (чеҳра) дод.

Ин ҷашнвора дар шаш бахши озоди як‌ранг, озоди рангӣ, мардум, портрет, чашмандоз ва гардишгарӣ баргузор шуд.

Арабзода ҳунарманди аккоси бушеҳрӣ аст, ки ифтихороте ҳамчун ҳунарманди мумтози Федератсияи байналмилалии ҳунари аккосӣ, мударриси аккосӣ ва вироиши акс, узви Анҷумани аккосии Мероси фарҳангии Эронро дар корномаи ҳунарии худ дорад.

Вай ҳамчунин дорандаи беш аз 65 мақоми байналмилалӣ ва довари чандин ҷашнвораи милливу байналмилалии аккосӣ аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп