Пешинаи садсолаи тадриси забони форсӣ дар Жопун
(last modified Sat, 23 Jan 2021 11:11:26 GMT )
Январ 23, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Жопун аз дер боз алоқаманд ба ёдгирии забони форсӣ будаанд
    Мардуми Жопун аз дер боз алоқаманд ба ёдгирии забони форсӣ будаанд

Омӯзиши забони ширину куҳани форсӣ дар Жопун беш аз сад сол пешина дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Беҳноми Ҷоҳидзода-устоди донишгоҳи Аўсокои Жопун дар нишаст « Забони форсӣ дар шибҳи қора ва шарқи Осия », ки ба ҳиммати бахши байналмиллалии намоишгоҳи маҷозии китоби Теҳрон баргузор шуд, гуфт : Омӯзиши забони форсӣ дар Жопун ҳудуди сад сол пешина дорад ва мардуми Жопун аз дер боз алоқаманд ба ёдгирии ин забон будаанд.

 Маҳмуд Абулкалом Саркорӣ-устоди донишгоҳ дар риштаи забони форсӣ ҳам ба унвони меҳмони ин нишаст дар тавзеҳотӣ дар бораи авзоъи забони форсӣ ва собиқаи торихиаш дар Бангладеш гуфт : Бангладеш якӣ аз марокизи забону адабиёти форсӣ аст ва ин забон дар даврае забони расмӣ , давлатӣ ва идории Бангладеш буда аст.

 Шариф Ҳодӣ - аз донишгоҳи Банкок дар Таиланд ҳам дар ӣн нишасти маҷозӣ бо ишора ба собиқаи забони форсӣ дар Таиланд ёдовар шуд : Забони форсӣ дар кишвари Таиланд аз дер боз ривоҷ дорад.

Бештар бихонед: